15 июни соли 2017 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт З. Зубайдов бо Раиси Агентии хизмати давлатии Давлати Кувайт Аҳмад ал-Ҷассор доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба тавсеъаи минбаъдаи рушди ҳамкориҳо, истифодаи таҷрибаи кишварҳои якдигар дар соҳаи хизмати давлатӣ ва таҳияи санадҳои меъёриву ҳуқуқии ҳамкорӣ дар соҳаи мазкур байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт табодули назар намуданд.
Аҳмад ал-Ҷассор омодогии кишварашро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо Тоҷикистон таъкид намуд.