13 июни соли 2017 дар ш.Пекин маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Конго баргузор гардид.
Баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода ва аз ҷониби Ҷумҳурии Конго Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Конго дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Даниел Овасса ба имзо расониданд.