Муносибатҳои Тоҷикистон бо Покистон

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 6 июни 1992 барқарор шуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон: Насредин Исматулло, аз моҳи феврали 2019.     

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: Имрон Ҳайдар, аз моҳи июни 2019.  

Соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе боз гардида, фаъолияти он аз ибтидои 1994 оғоз шуд.

Соли 1997 Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23 феврали 2005 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исломобод ба фаъолият шурӯъ намуд.

Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо кӯшишҳои тарафайн рушд меёбанд. Давоми 27 соли муносибатҳо сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон (солҳои 1994, 1996, 1997, 2004, 2011, 2015 ва 2017) сурат гирифтааст.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон бо сафарҳои расмӣ ва корӣ (2-3 июни 2002, 28-30 июли 2009, 1-2 сентябри 2011, 24 -26 марти 2012 ва 19-22 июни 2018) ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Сафарҳои расмӣ ва кории Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон моҳи декабри 1998, 29-31 январи 2004, 20-21 ноябри 2014 ва 8-9 декабри 2015 баргузор шудааст.

Сафарҳои расмӣ ва кории Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели 2002, 1-2 сентябри 2011 ва 11-12 октябри 2018 сурат гирифтааст.

То ба имрӯз чор даври машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе ва Исломобод баргузор гардидааст.

Пояи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро зиёда аз 55 адад созишномаю ёддоштҳои тафоҳуми байниҳукуматӣ ва соҳавӣ ташкил медиҳад.

Байни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ фаъолият дорад, ки яке аз механизмҳои асосии рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Қобили зикр аст, ки то ба  имрӯз 6 ҷаласаи Комиссияи мазкур баргузор шудааст. 2 июли 2019 ҷаласаи шашуми Комиссия дар Душанбе баргузор шуд.

Форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Покистон 18-20 июли 2010, 8-9 марти 2011 ва 24-26 майи 2017 дар Душанбе ва Исломобод доир шуд.   

Илова бар ин зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон (12-13 ноябри 2015) Шӯрои муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Покистон таъсис дода шуд ва ҷаласаи нахустини он дар Исломобод гузаронида шуд.

Дар соли 2018 гардиши мол байни ду кишвар ба 62 млн. 547 ҳазор долл. ИМА расид, ки аз он содирот 10 млн. 103,4 ҳазор доллар ва воридот 52 млн. 443,6 ҳазор долларро ташкил дод.

Нигористон

Тақвим