Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти “МЕДЕФ Интернасионал”

24.01.2014 17:20

22 январи соли 2014 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҳомидҷон Назаров бо ноиби Президенти ташкилоти шӯрои ҳамкорӣ “МЕДЕФ Интернасионал” Терри Куртен баргузор гардид.
Дар оғози суҳбат оид ба захираҳои табиӣ ва иқтисодии Тоҷикистон маълумот дода шуд.
Зимни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки МЕДЕФ омода аст, то соҳибкорони фаронсавиро ҷиҳати сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҷалб намояд.
Ташкилоти мазкур зиёда аз 800 ҳазор корхонаҳои хурду миёна ва калони Фаронсаро муттаҳид месозад.

Нигористон

Тақвим