Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири Девони Амири Кувайт

17.01.2014 08:05

15 январи соли 2014 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири Девони Амири Кувайт шайх Носир ас Сабоҳ баргузор гардид.
Зимни он ҷонибҳо масъалаҳои таҳкиму густариши муносибатҳои миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таваҷҷуҳи хоса ба амалисозии қарордодҳое, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт ҳосил гашта буданд, зоҳир карда шуд.
Намояндаи баландпояи Давлати Кувайт азми ҷониби худро барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳо ва тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф иброз намуд.

Нигористон

Тақвим