Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид

08.07.2019 05:10

Созмони Милали Муттаҳид – созмони бонуфузи байналмилалӣ мебошад, ки ба мақсади таҳкими сулҳу субот дар ҷаҳон ва рушди ҳамкорӣ миёни давлатҳо соли 1945 таъсис ёфтааст. Номи “Милали Муттаҳид” бори аввал дар Эъломияи Милали Муттаҳид, ки 1-уми январи соли 1942 ба тасвиб расидааст, истифода шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола, рӯзи 2-юми март ҳамчун рӯзи узвияти СММ-ро касб намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

29 январи 1992 дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қатънома оид ба тавсияи дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ ба сифати узви комилҳуқуқ қабул шуд.

Ниҳоят, 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви СММ гардид ва барои рушди ҳамкорӣ бо ташкилотҳо, муассисаҳо ва наҳодҳои тахассусии он заминаи устуворро фароҳам овард. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ дар самту соҳаҳои мухталиф, аз қабили таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувори ҷомеа, ҳифзу мудирияти захираҳои об ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст.

Дар тӯли давраи таърихан начандон дарозмуддати узвият дар СММ Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаҳои муайяни ҳамкориро бо Созмони Милали Муттаҳид паси сар кард. Тавре ки маълум аст, дар оғоз дар натиҷаи вазъияти дохилӣ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ баҳри сулҳ ва субот дар кишвар афзалиятнок буд. Намояндагии аввали СММ – Дафтари нозирони СММ дар Тоҷикистон (ДНСММТ) - 1 феврали 1993 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Фаъолияти ДНСММТ пешравии раванди сулҳ дар Тоҷикистон, мусоидат ба амалиётҳои сулҳпарвар ва кӯмаки фаврии башардӯстонаро таъмин намуд. Бинобар иҷрои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон моҳи майи соли 2000 дар асоси ДНСММТ бо ташаббуси Дабири кулли ҳамонвақтаи СММ ҷаноби Кофи Аннан Дафтари СММ оид ба сулҳофарӣ дар Тоҷикистон (ДСММСТ) таъсис дода шуд.

Моҳи августи соли 2007 Дафтар оид ба мусоидат ба сулҳпарварӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро бомуваффақият ба анҷом расонид. Даҳҳо кормандони ин дафтар бо мукофотҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд. Ба даст овардани оштии миллӣ дар Тоҷикистон бо мусоидати СММ ва кишварҳои кафил ҳамчун намунаи дипломатияи боздоранда барои кишварҳое, ки низоъҳои дохилӣ доранд, шуда метавонад.


Созмони Миллали Мутаҳид

Нигористон

Тақвим