
16 июни соли 2026 дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи дуюми масъулини аршад барои омодагӣ ба нахустин Саммити сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” дар шаҳри Тошканд, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея хонум Ий Ҳэ Сисилиа Чон мулоқот кард.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Кореяро баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба омодагӣ ба нахустин Саммити сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” зоҳир гардид.
шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan
Мо дар Youtube: https://www.youtube.com/@mfa_tj