
29 майи соли 2026 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода сафири Подшоҳии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Остона) Нико Схермерсро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
Ҳамсуҳбатон ҳамчунин атрофи масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ба вежа таҳдиду чолишҳои замони муосир, мубодилаи афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan