
7 майи соли 2026 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо роҳбари Намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сейҷу Имаӣ вобаста ба анҷоми фаъолияти ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳамчунин зимни мулоқот роҳбари тозатаъйини Намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ёшимаса Такемура муаррифӣ карда шуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Ҷопонро баррасӣ намуданд. Дар ин замина, рушди мунтазам ва густариши ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар бахшҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таъкид гардид.
Дар фарҷоми суҳбат муовини вазири корҳои хориҷӣ ба ҷаноби Сейҷу Имаӣ барои саҳми назарраси шахсӣ дар рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба изҳори сипос намуда, ба роҳбари тозатаъйини Намояндагии JICA дар фаъолияти минбаъдаи пурмасъул ва татбиқи ҳадафҳои банақшагирифта комёбиҳо таманно намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan