28 апрели соли 2026 дар шаҳри Вена, дар доираи ҷаласаи Кумитаи ченаки инсонии САҲА, аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА “Устувонаи Куруши Кабир” муаррифӣ гардид.
Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии шарикон, ЮНЕСКО зимни ҷаласаи 43-юми Конфронси генералӣ, “Устувонаи Куруши Кабир”-ро яке аз аввалин эъломияҳои ҳуқуқи башар эътироф намуд. Вобаста ба ин, татбиқи ташаббуси дигари ҷаҳонии Тоҷикистон - “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ-2027” дар амалисозии пурраи ҳуқуқи инсон ва таҳкими волоияти қонун дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ, саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan