Вохӯрии cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

07.04.2026 12:15

07.04.2026.16.59.jpg

6 апрели соли 2026 вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқизода Завқӣ бо ёвари Котиби энергетикаи ШМА оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Томми Ҷойс баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро ҷиҳати иҷрои мувофиқаҳои бадастомада байни роҳбарони ҳарду кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, муҳтарам Доналд Трамп дар моҳи ноябри соли 2025 вобаста ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла бо ҷалби технологияву таҷрибаи пешрафтаи амрикоӣ татбиқ намудани лоиҳаҳои сохтмони марказҳои додаҳо, неругоҳи барқи офтобӣ, низоми захираи нерӯ ва дигар лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон таъкид намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим