10 марти соли 2026 мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Дарен Танг баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунӣ, дурнамо ва рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, дастовардҳои кишвар дар давраи узвият, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон, ба Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Дарен Танг даъватнома ба Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028, ки рӯзҳои 25-28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, супорида шуд.

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan