Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ

12.03.2026 18:38

11 марти соли 2026 дар ҳошияи ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба вазъи занон мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода ва муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Элеонор Ҷейн Бритт Ҳаммаршелд баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои калидии ҳамкории байни Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба масоили ҳуқуқӣ, инчунин татбиқи ташаббусҳои муштаракро дар чаҳорчуби шартномаҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба нақши Дафтар дар пешбурди волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ ва дастгирии кишварҳои узв дар иҷрои уҳдадориҳои шартномавии кишварҳои узв мубодилаи афкор карданд.

12.03.2026.13.45.jpeg

 

 

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим