
Ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамаи рӯзноманигорон, кормандони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳаи матбуоти кишварамонро табрику таҳният мегӯем.
Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд.
Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад. Дар ин замина бо итминон изҳор медорем, ки дар иҷрои ин ҳадафҳои нек шумо, рӯзноманигорон, аҳли қалам ва аҳли фикру андеша ҳиссаи сазовори худро минбаъд низ мегузоред.
Бори дигар аҳли матбуоти кишварро бо иди касбӣ самимона табрик мегӯем ва бароятон саломатӣ, умри дароз ва комёбиҳои тозаи эҷодӣ орзу менамоем.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan