27 феврали соли 2026 боздиди ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин аз Донишгоҳи Рединг баргузор гардид.
Дар ҷараёни боздид вохурӣ бо ректори донишгоҳ профессор Роберт Ван де Норт (Robert Van de Noort) сурат гирифт, ки зимни он масъалаи роҳандозии ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон роҳбари ҳайат барои донишҷуён дар мавзуи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим маъруза ироа намуда, перомуни аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалии устувор ҷиҳати таъмини идоракунии самараноки захираҳои об ва муқовимат ба тағийрёбии иқлим табодули афкор анҷом дод.
Бояд қайд кард, ки Донишгоҳи Рединг дар раддабандии байналмилалӣ дар бахши устуворӣ (sustainability) миёни 50 муассисаҳои беҳтарини таҳсилотии олии ҷаҳон ҷойгоҳи намоёнро ишғол менамояд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan