27 феврали соли 2026 дар шаҳри Вена дар доираи ҷаласаи Кумитаи иқтисодӣ ва муҳитизистии САҲА, брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе доир гашт.
Зимни брифинг, аз ҷониби Намояндагии доимӣ ба ҳозирин маълумоти муфассал роҷеъ ба рафти омодагӣ ба Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028 (25-28 майи соли 2026) манзур гардида, аз намояндагони кишварҳои иштирокдори САҲА даъват ба амал оварда шуд, то дар кори конфронси мазкур фаъолона ширкат варзанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan