Супоридани эътимоднома ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

23.02.2026 07:02

23.02.2026.12.02.jpeg

17 феврали соли 2026 cафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Завқизода Завқӣ эътимодномаи худро ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп супорид.

Зимни маросим сафири Тоҷикистон дуруду таманниёти неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп расонид. Дар навбати худ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пайғоми самимии хешро ба ҳамтои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд. 

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба муносибати оғози фаъолият сафири Тоҷикистонро табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ комёбиҳо орзу намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим