Вохӯрӣ бо мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират

23.02.2026 11:38

23.02.2026.11.37.jpeg

20 феврали 2026 мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) хонум Эми Поуп баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои кунинӣ ва минбаъда байни Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати дохиливу хориҷӣ дар шароити таназзули муҳити зист ва тағирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон ба Эми Поуп даъватнома барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд ҷиҳати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”, ки 25-28 майи соли 2026 дар ш. Душанбе барпо мегардад,  супорида шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим