
19 феврали соли 2026 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода бо дабири кулли Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо (BIE) Димитри Керкентзес дар қароргоҳи ин созмон дар шаҳри Париж мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои таҳкими ҳамкориҳоро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва BIE баррасӣ намуда, инчунин масъалаи идомаи иштироки фаъолонаи Тоҷикистонро дар доираи намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва дар Намоишгоҳҳои умумиҷаҳонӣ (World Expos) мавриди муҳокима қарор доданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan