Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Италия

18.02.2026 18:34

18.02.2026.18.27.jpg

18 феврали соли 2026 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири навтаъйини Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар Тошканд) Гвидо де Санктисро ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо сатҳи кунунии ҳамкориҳои ҳар ду кишвар ва дурнамои онро баррасӣ намуданд.  

Аз замони истиқрори муносибатҳои дипломатӣ робитаҳо миёни Тоҷикистону Италия бомаром рушд карда, ҳар ду кишвар дар бахшҳои мухталиф ҳамкориҳои созандаро роҳандозӣ намудаанд. Намунаи барҷастаи ин ҳамкориҳо иштироки ширкати италиявии “WeBuild” дар татбиқи яке аз иншоотҳои муҳими гидроэнергетикии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бастаи санадҳое, ки зимни сафари охирини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Италия ба имзо расид, инчунин лағви раводид барои шаҳрвандони Италия ва дорандагони шиносномаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вусъати ҳамкориҳо ва соддагардонии муошират миёни ҳар ду кишвар имкони мусоид фароҳам овардаанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба муколамаи ҳарду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим