
17 феврали соли 2026 сафир/намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) доктор Нгози Оконҷо Ивеала мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ниҳод, аз ҷумла дастовардҳо дар давраи узвият дар созмон, рафти татбиқи уҳдадориҳои гирифташуда, иштироки кишвар дар низоми савдои бисёрҷониба, масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси 14-уми вазирони СУС, иштирок дар Конфронси 4-уми Байналмилалии оби Душанбе ва дурнамои тақвияти робитаҳои минбаъдаро мавриди муҳокима қарор доданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan