Вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNICEF)

18.02.2026 11:15

18.02.2026.11.14.jpg

18 феврали соли 2026 вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон  (UNICEF) Артур ван Дизен доир гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ, аз ҷумла фаъолияти дуҷониба дар доираи як қатор барномаҳои афзалиятнок дар соҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак, таҳсилоти босифат, саломатӣ ва иштироки ҷавонон, ислоҳоти бахши иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак, ки ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва рӯзномаи 2030-и СММ мутобиқат мекунад мубодилаи афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим