11 феврали соли 2026 дар шаҳри Берлин нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби “С5+1” баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати кишвар таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.
Вазирони корҳои хориҷӣ перомуни масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, гуманитарӣ, муҳоҷират ва амният дар доираи қолаби "С5+1" ибрози андеша карданд.
Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ тазаккур дод, ки Тоҷикистону Олмон ҳамкориҳои судмандро дар соҳаҳои иқтисод, сармоя, энергетика, саноат, маориф, илму фарҳанг, ба хусус робитаҳои байнимардумӣ таҳким мебахшанд. Қайд гардид, ки нишасти мазкур бозгӯи иродаи муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон барои рушди устувори минтақа мебошад.
Аҳамияти талошҳо дар самти пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим, пешбурди рӯзномаи обу иқлим, муколамаи байнифарҳангӣ, муқовимат бар зидди таҳдидҳои замони муосир, инчунин саҳми назарраси Тоҷикистон дар таъмини сулҳу суботи минтақа таъкид гардиданд.
Дар ин робита, вазири корҳои хориҷӣ ба зарурати ҳамкории байналмилалӣ доир ба масъалаҳои зикрёфта ишора карда, аз ҳозирин барои иштирок дар 4-умин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018–2028, ки баргузории он рӯзҳои 25-28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, даъват ба амал овард.
Дар анчоми вохӯрӣ вазирон Баёнияи Берлинро қабул карданд.
Аксҳо аз https://www.photothek.de/
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan