Мулоқот бо Президенти федеролии Олмон

11.02.2026 17:17

11 феврали соли 2026 дар шаҳри Берлин, дар ҳошияи нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби “С5+1”, Президенти федеролии Олмон ҷаноби Франк-Валтер Штайнмайер роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии кишварҳои минтақаро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти федеролии Олмон расонид.

Сироҷиддин Муҳриддин ва ҷаноби Франк-Валтер Штайнмайер аз раванди густариши равобити гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Олмон изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагӣ ва рағбати тарафҳоро ба рушди бештари муносибатҳои мутақобилан судманд таъкид карданд.

Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон дар тамоми арсаҳо ҳамвора ва ҳадафмандона густариш меёбанд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.



Аксҳо аз саҳифаи расмии Президенти федеролии Олмон

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

 

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим