Мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ

03.02.2026 17:40

03.02.2026.17.39.jpg

3–5 феврали соли 2026 дар ҳошияи “Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо” дар шаҳри Дубай мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба неру ва рушди устувор Абдулло Аҳмад Балалаъа баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Арабиро мавриди баррасӣ қарор дода, омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа таъкид намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим