14 ноябри соли 2016 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Ҷононов Шералӣ ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Паллеуатте Гамаралаге Майтрипала Япа Сирисена Эътимодномаи худро супорид.
Баъди маросими эътимодномасупорӣ сӯҳбати Президенти Шри-Ланка бо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар рафти он Сафири Тољикистон манфиятдор будани кишварашро таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккул ва рушди муносибатҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена баён намуд.
Ҷонибҳо ҳамзамон саматҳои ояндадори ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланкаро дар заминаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор доданд.
