16 ноябри соли 2016 бо даъвати роҳбарияти Донишгоҳи Токио Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ аз Донишгоҳи Токио боздид намуда, бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён мулоқот анҷом намуд.
Сафири Тоҷикистон дар назди ҷамъомадагон бо маърӯза дар бораи раванди мураккаби истиқрори сулҳ, субот ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва ташаккули таҳкими пайвастаи давлатдорӣ ва соҳибихтиёрии кишвар ба таври муфассал баромад намуд. Зимни баромад Сафири Тоҷикистон аз дастовардҳои имрӯзаи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ ва мавқеи кишвар дар ҷаҳони муосир, бо туфайли сиёсати "дарҳои кушода", ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, садо додани ташаббусҳои муҳим аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ, татбиқ гардидани тарҳҳои миллӣ ва минтақавӣ дар Тоҷикистон қайд намуд.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин ба таври муфассал дар бораи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Япония суханронӣ намуд.
Ҳамчунин суханрониҳои ифтитоҳии донишҷўёни Донишгоҳи Токио бо забони тоҷикӣ ва маърӯзаҳо дар бораи раванди ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз дастоварди муҳими таърихи муосири Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, шунида шуданд.
Пас аз маърӯза Сафир ба саволҳои иштирокчиёни семинар посух дод.
Дар доираи ин чорабинӣ намоишгоҳи китоб ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки дар он намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нашрияҳои дигар дар бораи таърихи машҳури қадима ва фарҳанги халқи тоҷик муаррифӣ карда шуд.
Дар фарҷом дипломати тоҷик ба китобхонаи Донишгоҳи Токио китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нашрияҳои дигар дар бораи адабиёт ва таърихи муосири Тоҷикистонро барои истифода дар корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён, тақдим намуд.