15 ноябри соли 2016 дар шаҳри Сеул 10-умин Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ ширкат варзид.
Дар маросими ифтитоҳи Форум роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, таваҷҷуҳи амиқи Тоҷикистонро ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар доираи Форум, табдили Осиёи Марказӣ ба минтақаи сулҳу дӯстӣ ва рушди устувор, инчунин ба зарурати татбиқи амалии қарорҳои дар доираи Форум қабул шуда тавассути роҳандозии лоиҳаҳои муҳимтарини иҷтимоиву иқтисодӣ таъкид намуд.
Дар доираи ҷаласаи махсус иштирокчиён натиҷаҳои фаъолияти даҳсолаи Форумро баррасӣ намуда, доир ба роҳҳои минбаъдаи ҳамкориҳо изҳори назар карданд.
Дар доираи Форум се ҷаласаи алоҳида доир ба мавзӯъҳои ҳукумати электронӣ, смарт ферма ва муколамаи насли нави кишварҳои Осиёи Марказӣ низ доир карда шуд.
Иштирокчиён таъсиси Котиботи Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказиро дастгирӣ намуда, намояндаи ҷониби Кореяро ба ҳайси Директори иҷроияи он барои се соли оянда интихоб намуданд. Ҳамзамон Ойиннома ва Нақшаи кори Котибот барои соли 2017 тасдиқ гардиданд.
Кори Форум бо қабули Эъломияи муштарак ба анҷоми расид.
