Муносибатҳои Тоҷикистон бо Шветсия

07.07.2022 13:20

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Подшоҳии Шветсия 9 декабри соли 1992 барқарор шудаанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ингрид Терсман (аз моҳи феврали соли 2013) бо қароргоҳаш дар шаҳри Стокголм мебошад.

Ҳамкориҳои дуҷониба (мубодилаи сафарҳо)

Ҳамкории байни ду кишвар дар соҳаи гуманитарӣ назаррас аст. Ба таври мисол метавон ба ин лоиҳаҳо ишора кард: лоиҳаҳо барои дастгирии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; лоиҳаҳо барои эҷод намудани имкониятҳои худтаъминнамоии аҳолӣ; лоиҳаҳо барои инкишофи сектори кишоварзӣ ва пеш аз ҳама барои амалӣ гардонидани стратегияи миллии паст намудани сатҳи камбизоатӣ.

Ҳукумати Шветсия дар якҷоягӣ бо дигар ташкилотҳои байналхалқӣ дар коркард ва молиявикунонии микролоиҳаҳо ва барномаҳо дар соҳаи хоҷагии қишлоқ, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф ва тандурустӣ, инчунин дар ташкил додани сохторҳои ҷамъиятии демократӣ иштирок кард.

Аз соли 2002 инҷониб Ҳукумати Шветсия ба ҷараёнҳои марбут ба демократикунонии ҷомеа ва баамалбарории ислоҳоти иқтисодӣ таваҷҷӯҳи бештар медиҳад. Моҳи ноябри соли 2002 вазири масъалаҳои муҳоҷират ва ҳамкории байналхалқии Шветсия ҷаноби Ян У. Карлсон ба ҷумҳурӣ ташриф овард.

Соли 1997 аз ҷониби Шветсия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона дар ҳаҷми 174 тонн маҳсулоти озӯқаворӣ ва доруворӣ ба маблағи 68 млн.крони шведӣ ҷудо карда шуд.

Пояи қарордодиву ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Шветсия дар ҳоли густариш қарор дорад ва айни ҳол 2 санадро ташкил медиҳад. Номгӯи санадҳо

  1. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Шветсия барои дасгири намудани инкишофи соҳаи тухмипарварӣ ( бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ангшисӣ 6 октябри 2004 ш. Душанбе)  
  2. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шветсия дар бораи шарт ва ҳолатҳои умумии ҳамкорӣ баҳри рушд (бо тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ 12 феврали 2005 ш. Душанбе )

Ҳамкории иқтисодӣ

Тибқи маълумоти Кумитаи омори ҶТ ҳаҷми умумии гардиши молу колои ду кишвар чунинанд:

Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 2 моҳи соли 2022 (январ-феврал) – 1441,1 ҳазор доллари ИМА (воридот –  1439,6 ҳазор доллари ИМА, содирот -1,5  ҳаз. доллари ШМА)-ро ташкил дод.

Июн, 2022

Нигористон

Тақвим