Мулоқот бо Раиси нави Бонки исломии рушд

11.11.2016 17:52

10 ноябри соли 2016 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Раиси Бонки исломии рушд доктор Бандар Муҳаммад Алҳаҷҷор мулоқот намуд.

Дар оғози вохӯрӣ дипломати тоҷик ба раиси нави Бонк паёму дуруд ва табрикоту таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати таъин шудани ӯ ба ин мақоми пурмасъулият расонид.

Бо арзи сипос аз ҳамкории босамари бисёрсолаи дуҷониба изҳори бовар карда шуд, ки Бонки исломии рушд минбаъд низ ба рушди босуботи Тоҷикистон тавассути маблағгузории лоиҳаҳои зербиноӣ ва иҷтимоӣ мусоидати фаъол хоҳад дошт.

Дар посух ба даъват барои ташриф ба Тоҷикистон Бандар Алҳаҷҷор таъкид дошт, ки баҳри  шиносоӣ бо рафти татбиқи лоиҳаҳои бонк ва оғози маблағгузориҳои нав ояндаи наздик аз кишвари мо дидан хоҳад кард.

Нигористон

Тақвим