11 ноябри соли 2016 Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Боди нусхаҳои эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов тақдим намуд.
Дар ҷараёни суҳбате, ки пас аз маросими супоридани нусхаҳои эътимоднома баргузор шуд, ҷонибҳо аз сатҳи густариши муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд. Атрофи самтҳои дурнамодори ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, фарҳангию башарӣ ва ғайра табодули назар сурат гирифт. Дар ин замина бар зарурати идомаи талошҳои муштарак ҷиҳати татбиқи амалии натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ, ки моҳи январи соли ҷорӣ дар Риёз баргузор шуд, таъкид гардид.
Сафир Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Боди бар ҷойгоҳи вежаи Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии кишвараш таъкид намуда, изҳор дошт, ки тамоми кӯшиши худро баҳри таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон равона хоҳад кард.
