9 ноябри соли 2016 дар шаҳри Вена ҷаласаи шашуми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба миёни Тоҷикистону Австрия бо роҳбарии ҳамраисони он Муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Назризода Саидраҳмон ва Муовини вазири федералии илм, тадқиқот ва иқтисоди Австрия хонум Бернадетт Марианне Гирлингенр баргузор гардид.
Намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистону Австрия, масъулони соҳаҳои энергетика, иқтисод, савдо, саноат, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ғайра дар кори ин ҷаласа иштирок намуданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, аз он ҷумла ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавӣ, рушди ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, тандурустӣ, саноат ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.
Дар фароварди ҷаласа Протоколи ҷаласаи комиссия ба имзо расид.
Ҳамчунин, 10 ноябри соли 2016 дар Палатаи федералии иқтисодии Австрия Форуми иқтисодии Тоҷикистону Австрия таҳти унвони “Иқтидори иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар ҳошияи Форуми иқтисодӣ доираи васеи соҳибкорони тоҷику австриягӣ, намояндагони ширкатҳо ва масъулини ниҳодҳои мухталифи ҳарду кишвар ширкат доштанд.
Баъд аз ҷамъбасти қисми расмии ҳамоиш миёни доираҳои соҳибкорон, тоҷирон, намояндагони ниҳодҳои гуногуни Тоҷикистону Австрия гуфтугӯҳои дуҷониба сурат гирифт.
