Муносибатҳои Тоҷикистон бо Олмон

19.01.2024 11:12

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Олмон

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон 28 феврали соли 1992 барқарор шуданд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Ҷумҳурии Федеративии Олмон Сатторов Имомудин Мирзоевич мебошад. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф мебошад.

Ташрифҳои сатҳи олии дуҷониба ба ҳамкории васеи Тоҷикистон ва Олмон замина гузоштанд. Солҳои 2003, 2011 ва 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон боздид намуданд, ки ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва иқтисодӣ мусоидат кард.

Дар ҳошияи COP-27 моҳи ноябри соли 2022 шаҳри Шарм-уш-Шейх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуда, масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар, инчунин мавзуҳои мубрами рӯзро баррасӣ карданд. 

Дар ҳошияи нахустин Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” (29 сентябри соли 2023, ш. Берлин) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс ва Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер мулоқот намуда, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Абзорҳои робитаҳои дуҷонибаи ҳар ду кишварро сиғаи мулоқоти сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон”, гуфтушунидҳо ва машваратҳои байниҳукуматии ҳарсола, машваратҳои сиёсии байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷӣ, боздидҳои мутақобилаи сиёсатмадорон, намояндагони парлумон, вазоратҳои мудофиа, ниҳодҳои қудратӣ, ҳамоишҳои соҳибкорони ҳар ду кишвар, робитаҳои мустақими муассисаҳои пажӯҳишӣ-таълимӣ ташкил медиҳад.

Бонки олмонии рушд (KfW), Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон  (GIZ) дар баробари дигар ташикилотҳо дар пешбурди шарикӣ баҳри рушд саҳмгузор мебошанд.

Дар муносибатҳои муосир алоқаҳои байнипарламентии ҳарду кишвар инкишофи густурда меёбанд.

Омили танзимкунандаи муносибатҳои дуҷониба заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳарду кишвар мебошад. То ба имрӯз байни Тоҷикистон ва Олмон 42 санади дуҷониба ба имзо расидааст. Аз теъдоди мазкур 31 санадро созишномаҳои байниҳукуматӣ, 10 созишномаҳои байниидоравӣ ва 1 изҳороти муштарак ташкил медиҳанд.

Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Олмон дар соли 2022 114 миллион доллари ШМА-ро ташкил дод.

Ноябр, 2023

Нигористон

Тақвим