Маросими супоридани Эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам

11.11.2016 14:25

9 ноябри соли 2016 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Парвиз Давлатзода ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чай Дай Куанг Эътимодномаи худро супорид.

Пас аз маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам бо Сафири Тоҷикистон доир гардид, ки дар оғози он паёму дуруд ва таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чай Дай Куанг расонида шуд.

Дар ҷараёни мулоқот дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Сотсиалистиии Ветнам дар заминаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маросими супоридани Эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам

Нигористон

Тақвим