Таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вена

11.11.2016 14:13

9 ноябри соли 2016 дар шаҳри Вена ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазироии расмӣ баргузор гардид.

Ба маъракаи ҷашнӣ ҳамчун меҳмони фахрӣ Муовини вазири федералии илм, тадқиқот ва иқтисоди Австрия хонум Бернадетте Марианне Гирлингер,  намояндагони вазорату идораҳои марбута, корпуси дипломатӣ, доираҳои иқтисодиву фарҳангӣ, ҳамчунин ҳаммеҳанони бурунмарзии муқими Австрия, Словакия ва донишҷӯёни тоҷик ширкат варзиданд.

Дар қатори меҳмонон ҳайати тоҷикистонӣ бо роҳбарии Муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Назризода Саидраҳмон, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 6-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Австрия ба шаҳри Вена омада буданд, ҳузур доштанд.

Сафири Тоҷикистон дар Австрия Исматулло Насрединов зимни сухани шодбошӣ диққати ҳозиринро роҷеъ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳти роҳбарии Пешвои Миллат, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳолати кунунӣ ва рушди муносибатҳои дуҷониба бо Австрия ҷалб намуд.

Дар рафти зиёфати идона ба меҳмонон намудҳои гуногуни ғизои миллӣ ва меваҳои хушки ватанӣ пешниҳод гардид.

Таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вена

Нигористон

Тақвим