Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Қазоқистон

10.11.2016 13:46

9 ноябри соли 2016 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирмад Ализода бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон Касимов Калмуханбет Нурмуханбетович баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушд ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, раванди татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак, таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаи мубрами рӯз, аз он ҷумла мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, инчунин мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба К.Касимов медали ҷашнии “90-солагии адлияи Тоҷикистон” ва мактуби арзи сипоси Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Шоҳмурод  супорида шуд. 

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо  Вазири корҳои дохилии Қазоқистон

Нигористон

Тақвим