Мулоқот бо Котиби давлатӣ – Муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия

09.11.2016 15:15

9 ноябри соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Котиби давлатӣ – Муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Григорий Карасинро, ки ҷиҳати иштирок дар машвартҳои байниидоравии сиёсӣ миёни Тоҷикистону Россия ба ш.Душанбе ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо рушди мунтазами муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо қаноатмандӣ қайд карда, роҷеъ ба дурнамои самтҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули афкор намуданд.

Баъд аз мулоқот машваратҳои сиёсӣ оид ба мавзӯи дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъ дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Ҳайати ҷониби Тоҷикистонро Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод роҳбарӣ кард.

Мулоқот бо Котиби давлатӣ – Муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия

Мулоқот бо Котиби давлатӣ – Муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия

Нигористон

Тақвим