Мулоқотҳои Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия бо Муовинони Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия

08.11.2016 18:16

4 ноябри соли 2016 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Аҳмад Йилдиз ва 7 ноябри соли равон бо Муовини Вазири корҳои хориҷӣ Умед Ялчин баргузор гардид.

Зимни вохӯриҳо оид ба масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия ва паҳлуҳои гуногуни он табодули афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳ ва ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба омодагии хешро ҷиҳати фаъол гардонидани кори абзорҳои дуҷониба ва идомаи ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар дар тамоми самтҳои мавриди манфиати ду кишвар таъкид намуданд.

Мулоқотҳои Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия бо Муовинони Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия

Нигористон

Тақвим