8 ноябри соли 2016 муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод ҳайати Донишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқи Шанхайро бо роҳбарии ректори он хонум Лю Сяохун ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳолати ҳозираи ҳамкориҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва дурнамои рушди онҳо, хусусан дар соҳаи таъмини амният, инчунин оид ба боло рафтани эътибори ин Созмон дар корҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табодули назар карданд.
Мавриди таваҷҷуҳи ҳамсуҳбатон ҳамчунин фаъолияти Маркази омодасозии байналмилалии ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ барои СҲШ, ки дар назди Донишгоҳи номбурда амал мекунад, инчунин чорабиниҳое, ки дар ин муассиса барои давлатҳои аъзои СҲШ гузаронида мешаванд, қарор гирифтанд.