Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо котиби давлатии парлумонии Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон

08.11.2016 16:51

7 ноябри соли ҷорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо котиби давлатии парлумонии Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон ҷаноби Ҳанс-Йоахим Фухтел дидор ва мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии иҷрои бандҳои Протоколи охирини Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ба ҳамкориҳои молиявӣ ва техникиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон дар рафти сӯҳбат ба зарурати вусъати ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи дуҷониба бо амалӣ намудани лоиҳаҳо дар бахшҳои муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо котиби давлатии парлумонии Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон

Нигористон

Тақвим