5 ноябри 2016 Ройзани Раиси Ҷумҳурии Арабии Миср дар умури амнияти миллӣ Фоиза Абуннаҷо дар дафтари кории худ дар Қасри Иттиҳодия сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот пиромуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла масъалаҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавии мавриди эҳтимоми тарафайн табодули афкор сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки Фоиза Абуннаҷо ба сифати Вазири ҳамкории байналмилалии Миср раёсати ҳайати кишвари худро дар ҷараёни нахустин иҷлоси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Миср роҷеъ ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ, ки дар Душанбе 25-27 январи 2009 баргузор гардида буд, ба дӯш дошт.