Машваратҳои сиёсии байниидоравӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия

04.11.2016 17:34

4 ноябри соли 2016 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия ҷаноби Лукаш Паризек, ки барои иштирок дар машваратҳои сиёсии байниидоравӣ миёни Тоҷикистон ва Словакия ба ш.Душанбе ташриф овард, барпо гардид. Дар вохӯрӣ ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳаш дар ш.Тошканд) ҷаноби Павол Иван ҳузур дошт.

Ҷумҳурии Словакия шурӯъ аз 1 июни соли 2016 раиси амалкунандаи Шӯрои Иттиҳоди Аврупо мебошад.

Пас аз мулоқот бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Словакия баргузор гардиданд. Дар рафти машваратҳо масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Словакия, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар давраи раисии Словакия, ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн муҳокима гаштанд.

Бояд қайд кард, ки дар рафти сафари корӣ ба Тоҷикистон, ҳайати расмии Ҷумҳурии Словакияро ҳайати соҳибкорони бонуфузи словакӣ ҳамроҳӣ намуда, дар мизи мудаввари соҳибкории Тоҷикистону Словакия ширкат варзиданд. Зимни чорабинии мазкур имкониятҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар, роҳандозии тамосҳои мустақим миёни соҳибкорону сармоягузорони тоҷику словакӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.

Машваратҳои сиёсии байниидоравӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия

Машваратҳои сиёсии байниидоравӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия

Нигористон

Тақвим