Муносибатҳои Тоҷикистон бо Финляндия

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дуҷониба

Робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Финляндия 22 феврали 1992 барқарор шудаанд.

Никлас Линдквист Сафири Фавқулода ва Мухтори Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз октябри соли 2013) бо қароргоҳаш дар ш.Хелсинкӣ мебошад.

Моҳи июни соли 2009 дар ш.Душанбе машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Финляндия баргузор гашт. Мақсади машваратҳои мазкур муҳокима намудани ҳолати масъалаҳои дуҷониба ва равнақ додани онҳо ҳамчун иқдоми мушаххас буд.

Аз 14 то 18 ноябри соли 2011 дар Хелсинкӣ машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Финляндия ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Мақсади машваратҳои мазкур шиносоӣ бо фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Финляндия ва муҳокима намудани масъалаҳои дуҷониба ва рушд додани онҳо.

30 январ - 1 феврали соли 2012 ҳайати Ҷумҳурии Финляндия иборат аз Мушовири ҳамкориҳои иқтисоди Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, Сафир Юҳани Тойвонен ва дигар шахсони расмӣ, ба Душанбе сафари корӣ анҷом дод. Ҳадаф аз сафари мазкур муҳокимаи муфассали масъалаҳои марбут ба робитаҳои дуҷониба буд.

23-25 октябри соли 2012 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Финляндия баргузор гашт. Зимни сафари расмӣ Президети Тоҷикистон мулоқотҳоро бо Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Ниинисто ва дигар шахсони расмӣ барпо намуд. Қайд кардан зарур аст, ки дар рафти сафари мазкур Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Финляндия оид ба канорагирӣ аз андозсупории дубора ва пешгирии худдорӣ аз супоридани андоз аз даромад ва сармоя ба имзо расид.
 
Ҳамкории иқтисодӣ

Бино ба маълумоти Хадамоти омори Тоҷикистон, дар соли 2012 ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Финляндия 914,6 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод.

Тибқи маълумоти Кумитаи омори ҶТ ҳаҷми умумии гардиши молу колои ду кишвар чунинанд:

ҳаҷми умумии маблағ дар соли 2016 –- 2455,4 ҳаз. доллари ИМА (воридот- 2455,4 ҳаз. доллари ШМА);

Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 9 моҳи соли 2017 (январ-сентябр) – 1024,6 ҳазор доллари ИМА (воридот –  1024,6 ҳазор доллари ИМА)-ро ташкил дод.

01.11.17

 

Нигористон

Тақвим