Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Гурҷистон

04.12.2025 14:35

4 декабри соли 2025 дар шаҳри Вена дар ҳошияи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии САҲА, мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Гурҷистон Мака Бочоришвили баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ намуда, омодагии хешро ҷиҳати таҳкими баъдии робитаҳо миёни Тоҷикистону Гурҷистон таъкид карданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба дурнамои рушди муколамаи сиёсӣ, инчунин, тақвияти робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ зоҳир гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор анҷом доданд.

Вазирон омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва мусоидат ба густариши ҳамкории минбаъда изҳор доштанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим