Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Швейтсария

04.12.2025 13:31

04.12.2025.18.29.jpg

4 декабри соли 2025 дар шаҳри Вена дар ҳошияи нишасти 32-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири федералии корҳои хориҷии Швейтсария Инясио Кассис баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, маориф, инчунин ҳамкории бисёрҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, ба вежа САҲА ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

 

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим