Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия бо Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия

03.11.2016 17:24

2 ноябри соли 2016 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии  Ҷумҳурии Туркия  Маҳмут Муэззиноғлу баргузор гардид. 

Дар рафти мулоқоти мазкур ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун мавриди муҳокима  қарор гирифта, зарурат ва аҳамияти ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ таъкид карда шуд. Ҷонибҳо зимни табодули назар дар ин робита ҷиҳати густариши ҳамкориҳои сохторҳои соҳавии ду кишвар изҳори омодагӣ намуданд.

Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия бо Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия

Нигористон

Тақвим