Баргузории Конфронси XV-уми байналмилалии Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (СAREC) ва Форуми энергетикӣ

26.10.2016 13:17

 Дар таърихи 25-26-уми октябри соли 2016 дар шаҳри Исломобод Конфронси XV -уми байналмилалии Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (СAREC) баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода намояндагӣ мекард. Дар доираи конфронси мазкур инчунин Форуми сармоягузории энергетикии СAREC баргузор гардид.

Ҳайати Тоҷикистон, ки ба он инчунин намояндагони вазоратҳои энергетика ва захираҳои обӣ, нақлиёт ва хадамоти гумрук шомил буданд оид ба мавқеи кишвари мо нисбат ба рушди тиҷорат, сохтмону таҷдиди шоҳроҳҳо ва шабакаи роҳи оҳан, долонҳои энергетикӣ ва ҳамгироии минтақавӣ  дар доираи СAREC баромад намуданд.

 Дар Конфронси мазкур инчунин ҳайатҳо аз 10 кишварҳои дунё ва намояндагони институтҳои байналмилалии молиявӣ аз қабили Бонки Умумиҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки Рушди Исломӣ, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Барномаи рушди СММ, Созмони байналмилалии тиҷорат, Барномаи байналмилалии рушди Британияи Кабир, JICA ва USAID ширкат намуданд.

 Дар маросими ифтитоҳии он Вазири Аъзами Ҷумҳурии Исломии Покистон Навоз Шариф ва Президенти Бонки Осиёии рушд Такеҳико Накао ширкат намуда, оид ба саҳми Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (СAREC) дар пешбурди ҳамгироиҳои минтақавӣ баромад намуданд. Аз ҷумла Такеҳико Накао изҳор дошт, ки аз ибтидои таъсиси барномаи СAREC 174 лоиҳаҳои гуногун ба маблағи зиёда аз 28.9 миллиард доллари ШМА татбиқ гардида, онҳо ба ҳамгироии минтақавӣ, энергетика, сохтмони роҳҳо ва тарҳҳои зербиноӣ, инчунин рушди тиҷорат равона шудаанд.

Тибқи қарори Конфронси мазкур ҷаласаи навбатии Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (СAREC) соли оянда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
    

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим