2 ноябри соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғафур Орзуро бино бар ба поён расидани маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат ҷонибҳо аз густариши бемайлони муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон изҳори қаноатмандӣ карданд ва атрофи самтҳои дурнамодори ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар арсаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва фарҳангию башарӣ табодули назар анҷом доданд. Бар зарурати тавсеаи ҳамкориҳои наздисарҳадӣ ва муборизаи муштарак алайҳи терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва дигар чолишҳои амнияти ду кишвар ва минтақа таъкид гардид.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Сафири Афғонистон барои саҳми назаррас дар таҳкиму густариши робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистону Афғонистон изҳори сипос кард ва барои фаъолияти минбаъдаи ӯ дар ҷодаи дипломатия муваффақиятҳо орзӯ намуд.
