25 ноябри соли 2025 дар шаҳри Улан-Батор вохӯрии сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон Хайрулло Ибодзода бо вазири корҳои хориҷии Муғулистон Батмунхийн Батсэсэг баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳо, аз ҷумла раванди иҷрои тавофуқҳои дуҷониба ва омодасозии санадҳои нав барои имзо, инчунин дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Муғулистонро баррасӣ намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan