
25 ноябри соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин фиристодаи вежаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Ли Ук Хёнро ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо оид ба вазъият ва дурнамои рушди муносибатҳо, инчунин татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодиву иҷтимоӣ табодули афкор намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҳамчунин ба масъалаи омодагӣ ба нахустин Саммити сарони давлатҳои Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” дар соли 2026 тамаркуз карда шуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan